Амриддин Холмуродов, яке аз мунтақидони ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи даҳуми август дар Боздоштгоҳи Словакия гуруснанишинӣ кардааст. Холмуродов рӯзи 11-уми август дар паёми хаттӣ ба Радиои Озодӣ тасмимашро “эътироз аз бепарвоӣ ба қазияаш” донист.
Муовини раисҷумҳури Амрико гуфт, гуфтушуниди байни Русия ва Украина барои поён додан ба ҷанг ғолибан ҳеч яке аз тарафҳоро қонеъ нахоҳад кард ва ҳар гуна созиши сулҳ ба эҳтимоли ғолиб ҳам Маскав ва ҳам Киевро “норозӣ” хоҳад гузошт.
Дар ҳоле ки мақомоти Эрон бо пайомадҳои даргирии моҳи июн бо Исроил ва Амрико дасту панҷа нарм мекунанд, сиёсатмадори 67-сола Алии Лориҷонӣ ба мақоми дабири Шӯрои амнияти миллии ин кишвар баргашт. Ӯ соли гузашта дар интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон довталаб буд, аммо номзадияш нагузашт.
Арманистону Озарбойҷон шояд дар остонаи имзои як созишномаи таърихии сулҳ ва ё ҳадди ақал эълом дар он бораи он қарор дошта бошанд ва он ҳам дар Вашингтон.
Хона, мошин, пул ва дороиҳои дигари баъзе аз сиёсатмадорону мансабдорон ва як рӯзноманигори зиндониро дар Тоҷикистон мусодира кардаанд. Ин афрод ним сол пеш дар доираи парвандаи “табаддулот”, ки махфӣ баррасӣ шуд ва суолҳои зиёдеро бепосух монд, аз ҳашт то бисту ҳафт сол аз озодӣ маҳрум гаштанд.
Мумкин аст, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ҳафтаи оянда бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот кунад. Агар чунин шавад, ин мулоқоти аввалини рӯ ба рӯи раҳбарони Русияву Амрико пас аз таҷовузи Русия ба Украина дар соли 2022 хоҳад буд.
Дар остонаи зарбулаҷали Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ба Русия барои қатъи ҷанг дар Украина, Вашингтон дар пайи нафастанг кардани иқтисоди Русия аст ва барои ин кор ҳадафи наве ёфтааст. Он ҳам нафти фурӯшии Русия ба Чин.
Як гурӯҳ аз намояндагони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа ҷунбиши наверо таъсис додаанд. Раёсати “Ҳаракати ислоҳотхоҳон”-ро Муҳаммадиқболи Садриддин, мунтақиди тундлаҳни ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш дорад, ки дар Тоҷикистон ба қаллобӣ гумонзад аст.
Раисҷумҳури Амрико рафтори Русияро бо Украина “нафратангез” хонд. Доналд Трамп рӯзи 31-уми июл гуфт, дар сурати ҳосил нашудани ягон созиш бо Маскав ба зидди Русия таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад.
Ёфтҳои бештар