Зеленский пешниҳоди Русияро барои ақибнишинӣ аз Донбас рад мекунад

Владимир Зеленский

Раисҷумҳури Украина гуфт, ҳар гуна пешниҳоди Русияро барои хуруҷи нерӯҳои украинӣ аз Донбас рад хоҳад кард, зеро ин амр Киевро аз хати дифоӣ маҳрум карда, роҳро барои анҷоми ҳамлаҳои бештари Маскав боз мекунад.

Владимир Зеленский рӯзи 12-уми август ба хабарнигорон гуфт, масъалаи қаламрав бояд пас аз мувофиқати Русия бо оташбас баррасӣ шавад ва замонатҳои амниятӣ барои Украина бояд бахши ҷудоинопазири ин баҳс бошад.

Ӯ пеш аз нишасти рӯзи ҷумъа байни Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва ҳамтои русаш Владимир Путин дар Аляска таъкид кард, ки Украина бояд дар ҳар гуна гуфтугӯ дар бораи қаламрави худ иштирок дошта бошад. Трамп гуфт, вогузор кардани қаламрав мумкин аст бахше аз ҳаргуна созиши сулҳи эҳтимолӣ байни Русия ва Украина бошад.

Зеленский гуфт, пешниҳоди Русия қатъи пешравиҳояш дар минтақаҳои дигари Украина дар баробари ақибнишинии нерӯҳои украинӣ аз Донбас дар шарқи кишвар аст, ки шомили Донетск ва Луганск мешавад. Ба гуфтаи ӯ, Украина ҳанӯз ҳудуди 30 дарсад аз Донетск ё ҳудуди 9000 километри мураббаъро зери назорат дошта ва хатти дифоии бисёр мустаҳкаме дорад ва баландиҳои стратегии онҷоро контрол мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, "Путин роҳе боз ба ҳар ду минтақаи Запорожйе ва Днепр хоҳад дошт, ҳамчунин ба Харков. Масъалаи қаламравро наметавон аз замонатҳои амниятӣ ҷудо кард".

Дар ҳамин ҳол, Украина аз фиристодани нерӯҳои захираи худ барои муқобила бо пешравии Русия ба тарафи шаҳри Покровск хабар дод. Артиши Украина рӯзи сешанбе тасдиқ кард, ки дар атрофи шаҳрҳои Покровск ва Доброполе даргири ҷангҳои сахт бо нерӯҳои Русия аст ва аз ин рӯ барои пешгирӣ аз пешравии бештари ин кишвар нерӯҳои захираро ба маҳал фиристодааст.

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо нашри баёнияе иддао кард, ки бахше аз нерӯҳои Русияро, ки қасди гузаштан аз хати дифоии Украинаро доштанд, нобуд кардааст ва даргирӣ бо боқимондаи ин нерӯҳо идома дорад.

Дар остонаи дидори Трамп ва Путин дар Аляска, ҷанг дар ҷабҳаҳои ҷанги Украина шиддат гирифтааст ва Киев ва Маскав дар талошанд пеш аз ҳаргуна оташбасти эҳтимолӣ ҷойгоҳи худро тақвият кунанд.