Идораи “Роскомнадзор” тасдиқ кардааст, ки занг задан аз тариқи паёмрасонҳои "Вотсап" ва "Телеграм" дар Русия маҳдуд шудааст.
Ин ниҳод дар хабарномае навиштааст, “маҳдудият дар занг задан” аз тариқи паёмрасонҳои хориҷӣ, бо ҳадафи “мубориза бо ҷинояткорӣ” ҷорӣ шудааст. Шикоятҳо аз мушкил шудани тамос аз тариқи паёмрасонҳо дар Русия аз оғози моҳи август зиёд шуд.
Пойгоҳи “Осторожно, медиа” рӯзи сешанбеи 12 август хабар дод, ки тасмими бастани зангҳо аз тариқи паёмрасонҳо сиёсӣ буда, ин қарор “дар сатҳи боло” қабул шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, намояндагони ширкатҳои мухобиротии Русия низ шояд дар ин тасмим даст дошта бошанд, чун онҳо нигарони кам шудани даромад аз зангҳои телефонӣ ҳастанд.
Сомонаи “Вёрстка” навиштааст, паёмрасони "Вотсап" дар Русия наздики 100 миллион ва Телеграм бошад 90 миллион корбар доранд.
Ба гузориши “Вёрстка”, мақомоти Русия мавзӯи пурра бастани "Вотсап" ва "Телеграм"-ро низ баррасӣ доранд, то бозор барои паёмрасони давлатии "Max" боз шавад.
Денис Кусков, мудири кули "Телеграм" ба нашрияи “Ведомост” гуфтааст, баъди маҳдудияти ҷорикардаи “Роскомнадзор”, аллакай зангҳо аз тариқи ширкатҳои мобилии Русия 10-20 дарсад зиёд шудааст.
Мақомоти Русия мегӯянд, ба ҷуз зангҳо, дар кори "Вотсап" ва "Телеграм" дигар маҳдудият ҷорӣ накардаанд.