Путин ва Раҳмон дар бораи Украина ва гуфтушунид бо Амрико гап задаанд

Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар суҳбат бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар бораи натиҷаи музокироти Маскав бо Амрико ишора кардааст. Суҳбати телефонии Путин ва Раҳмон рӯзи 10-уми август анҷом шуд.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон навишт, Владимир Путин дар ин суҳбат "дар бораи натиҷаҳои асосии гуфтушунид бо ҷониби ИМА маълумот дод."

Ба қавли манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон "аз талошҳо ҷиҳати дарёфти роҳҳои сиёсиву дипломатии ҳалли қазияи Украина" пуштибонӣ кардааст.

Расонаҳои давлатии Русия ҳам гузориш додаанд, ки Путин ба Раҳмон дар бораи дидори ахираш бо фиристодаи вижаи Амрико Стив Виткоф маълумот додааст. Виткоф, фиристодаи вижаи Амрико рӯзи 6-уми август бо Владимир Путин мулоқот кард.

Ҷузъиёти бештари суҳбати Путин ва Раҳмон дар бораи Украина маълум нест.

Пеш аз гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон президенти Русия Владимир Путин бо Сӣ Ҷӣ Пин, раҳбари Чин ва Нарендра Мудӣ, кишвардори Ҳинд ва сарварони дигар ин масъалаҳоро матраҳ карда буд.

Тоҷикистон яке аз ҳампаймонҳои асосии Русия дар Осиёи Марказӣ аст. Бузургтарин пойгоҳи Русия хориҷ аз ин кишвар дар Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Душанбе давоми се соли ҷанги Русия алайҳи Украина дар ин мавзуъ расман аз ҳеч ҷонибе ҳимоя накардааст. Аммо гузоришҳо дар бораи ҳузури зархаридони тоҷикистонӣ дар чанд алайҳи Украина борҳо нашр шудааст.

Ахиран Владимир Зеленский дар баёнияе дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, "ҷанговарони мо дар ин қисмат дар бораи ширкати зархаридон аз Чин, Тоҷикистон, Узбекистон ва Покистону кишварҳои африқоӣ дар ҷанг гузориш медиҳанд. Мо ба ин посух хоҳем дод."

Аммо мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла додситони кул мегӯянд, ягон шаҳрванди кишвар "барои иштирок дар муҳорибаҳои Украина", ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст.

Чанде пеш тарҳи давлатии "Зистан мехоҳам" (Украина) номи бештар аз 900 зодаи Тоҷикистонро нашр кард, ки бо артиши Русия қарордод баста, дар ҷанг ширкат кардаанд ва тақрибан 200 нафарашон ҳам кушта шудаанд.

Як таҳқиқоти рӯзноманигории Бӣ-бӣ-сӣ ва "Медиазона" ҳам номи 72 шаҳрванди Тоҷикистонро маълум кардааст, ки аз тарафи Русия ба ҷанги Украина рафта, он ҷо кушта шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон соли 2023 танҳо сад мавриди ҷалби маҳбусони тоҷикро аз зиндонҳои Русия ба ҷанг тасдиқ карда, дигар дар ин бора маълумоте надодаанд. Танҳо дар чанд маврид аз муҳоҷирон хостаанд, ки ба ҷанги бегона нараванд, чун ҷавобгарӣ дорад.