Гурӯҳе аз вакилони мардумии Русия тарҳи қонунеро ба Думаи давлатӣ пешниҳод кардаанд, ки таҳсили ройгон ва ё бепулро барои фарзандони муҳоҷирон манъ мекунад.
Дар ин санад омадааст, ки хориҷиён, ки аксаран муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ ҳастанд, бояд барои таҳсили бачаҳояшон дар мактабҳои Русия пул пардозанд.
Нашрияи русии “Коммерсант” рӯзи 12-уми август навишт, муаллифони тарҳи нави қонун “Дар бораи маориф” чаҳор вакил аз ҳизбҳои гуногуни Русия, аз ҷумла аз Ҳизби коммунист ҳастанд.
Муаллифони тарҳ навиштаанд, ки дар мактабҳои Русия зиёда аз 180 ҳазор аз фарзандони муҳоҷирон мехонанд ва “дар ёд гирифтани забони русӣ ва барномаҳои таълимӣ мушкилӣ мекашанд, аз ин рӯ ба дарсҳои инфиродӣ эҳтиёҷ доранд”.
Вакилони рус ҳамчунин гуфтаанд, ки ба сабаби афзоиши теъдоди фарзандони муҳоҷирон дар мактабҳо ҷой намерасад ва муаллимон зери фишори афзоянда қарор доранд.”
Дар вазорати маорифи Русия ин гуна пешниҳодро танқид карда, гуфтаанд, ки аз ҳаққи таҳсили ройгон маҳрум кардани фарзандони хориҷиён дар Русия мухолиф ба Конститутсия ва ё Қонуни асосӣ аст.
Моҳи июни имсол вакилони Думаи давлатӣ қонунеро қабул карданд, ки бар асоси он мактабҳо ӯҳдадор шуданд, ки иттилоот дар бораи бачаҳои муҳоҷирону волидони онҳоро ба Вазорати корҳои дохилӣ бидиҳанд.
Баъд аз ҳамлаи маргбор ба толори консертии “Крокус” дар канори Маскав дар соли 2024, ки мақомоти интизомии Русия аксаран шаҳрвандони Тоҷикистонро ба тарҳрезиву анҷоми он гумонбар медонанд, президент Владимир Путин хост, сиёсати муҳоҷиратро бознигарӣ кунанд. Аз он замон то кунун Думаи давлатӣ бештар аз сӣ қарору қонуне қабул кардааст, ки кору зиндагӣ дар Русияро барои муҳоҷирони корӣ маҳдуд ва ё душвор месозад.
Ангуштнигорӣ ва супурдани геном дар марз, сода кардани ихроҷи муҳоҷирон, сахттар кардани имтиҳони забони русӣ, назорати ҳаракати онҳо ба воситаи телефон, маҳдудияти баъзе касбу пешаҳо ва қабули фарзандони муҳоҷирон ба мактабҳои Русия аз ҷумлаи онҳост.