Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар нимаи аввали соли равон 184 нафаре, ки бо иттиҳоми ифротгароӣ дар ҷустуҷӯ буданд ба ватан баргашта бахшида шудаанд.
Ҳабибулло Воҳидзода 8-уми август зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, шумораи афроде, ки баъди бозгашт ба Тоҷикистон аз ҷавобгарӣ озод шуданд нисбат ба соли гузашта бештар шудааст. Аммо додситони кул шарҳ надод, ки афроди бозгашта ба узвият дар кадом гуруҳҳои мамнуъ гумонбар дониста мешуданд.
Кодекси ҷиноии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, ки дар сурати аз фаъолияти ифротӣ ва террористӣ даст кашидан ва ихтиёран бозгаштан ба ватан афроди таҳти пайгард афв мешаванд. Телевизионҳои давлатӣ дар солҳои ахир навори чанд ҷавони ба истилоҳи мақомот пушаймоншударо намоиш доданд ва эълон карданд, ки онҳо афв шудаанд.
Алишер Махсудов
Аммо наздикони баъзе аз афроди бозгашта мегӯянд, ки бо вуҷуди ваъдаи мақомот хешовандони онҳоро зиндонӣ карданд. Аз ҷумла хонаводаи Алишер Махсудов, як ҷавони 22-сола шикоят доранд, ки ӯ бо ваъдаи бахшида шудани гуноҳаш аз хориҷа ба кишвар омад, вале ба 14 зиндон маҳкум гардид. Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи июли имсол ҳукми ин ҷавонро бетағйир гузошт.
Дар ҳамин ҳол додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, имсол ҷиноятҳои “хусусияти экстремистӣ ва террористидошта” 22 дарсад камтар шудаанд. Ба иттилои расмӣ, дар нимаи аввали соли равон мақомоти қудратии Тоҷикистон 685 ҷинояти вобаста ба ифротгароӣ ва терроризмро ошкор кардаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 194 адад камтар аст.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо ҳукумати Тоҷикистонро танқид кардаанд, ки бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ озодии баёнро маҳдуд карда, мухолифони худро таъқиб мекунад.