Аҳмади Иброҳимро дар зиндони "Якум советский" ҷо кардаанд

Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи "Пайк"

Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори тоҷикро, ки ба даҳ солу чор моҳ ҳабс маҳкум шудааст, рӯзи 6-уми март дар зиндони маъруф ба "Якум советский"-и пойтахт ҷо кардаанд.

Ӯро рӯзи 26-уми феврал аз Боздоштгоҳи Кӯлоб ба Душанбе интиқол дода буданд.

Пайвандони Аҳмади Иброҳим рӯзи 9-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки пас аз як ҳафтаи нигаҳдорӣ дар Боздоштгоҳи рақами яки пойтахт, бе онки нусхаи ҳукмашро нишон диҳанд, ӯро ба зиндони "Якум советский" бурданд.

Аксари рӯзноманигорони зиндонӣ, аз ҷумла, Абдулло Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ ва Завқибек Саидаминӣ дар ҳамин зиндон нигаҳдорӣ мешаванд.

Сардабири нашрияи “Пайк” дар Хатлон моҳи августи соли гузашта бо гумони “додани пора ба корманди КДАМ” боздошт шуд. Баъдан, ӯро ба “тамаҷӯъӣ” ва “ифротгароӣ” гунаҳкор донистанд. Худаш ҳеч яке аз ин иттиҳомҳоро напазируфт.

Наздиконаш гуфтанд, ки ӯро охирон бор ҳангоми интиқолаш ба Душанбе дар мошини Идораи зиндонҳо дида буданд. Маъмулан, маҳкумшудаҳоро замоне аз боздоштгоҳҳо ба зиндон мебаранд, ки ӯ нисбат ба ҳукмаш эътироз намекунад ва иҷрои ҳукм ҳатмӣ мешавад.

Ширинмоҳ Иброҳимова, хоҳари Аҳмади Иброҳим, дар як тамоси телефонӣ гуфт, бародараш нусхаи ҳукмро то охирин лаҳза дастрас накарда буд, то аз он шикоят кунад.

“Вай гуфт, ки ҳатман аз рӯйи ҳукми ноодилона шикоят хоҳад кард ва то ҳукм ба дасташ нарасад, муҳлати шикоят намегузарад,” – афзуд Ширинмоҳ Иброҳимова.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти додгоҳӣ гуфта буданд, ӯ барои бозбинии ҳукм ҳамагӣ ним моҳ фурсат дошт. Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар аввали моҳи феврал гуфт, чун рӯзноманигор шикоят накард, “аз ин бармеояд, ки бо ҳукм розӣ аст.”

Пайвандонаш мегуфтанд, шикоятро аз ҳукми, ба гуфтаашон, “фармоишӣ” кори беҳуда медонанд. Ба нақли яке аз онҳо, ҳушдор гирифта буданд, ки агар аз ҳукм шикоят баранд, эҳтимол ҷазо сахттар шавад.

Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори 63-сола ва сардабири нашрияи “Пайк" аз кори мақомоти маҳаллӣ пайваста танқид мекард. Ӯ дар номааш аз зиндон дар охири соли гузашта гуфта буд, ки маҳз танқидҳояш ба мақомот хуш наомада, аз ӯ қассос гирифтанд.

Созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ва Гузоришгарони бидуни марз ҳукмро ноодилона ва аз мақомоти Тоҷикистон озодии рӯзноманигорро талаб карданд.