Дар Русия аз муҳоҷирон боҷҳои нав меситонанд

Сар аз 1 сентябр дар Русия барои муҳоҷирони корӣ боҷҳои нави давлатӣ ҷорӣ карда мешавад.

Бар асоси тағйирот ба Кодеки андози Русия, минбаъд барои бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ дар ҷойи будубоши онҳо 500 рубл ситонида мешавад. Феълан ин хизматрасонӣ ройгон аст.

Ҳамчунин муҳоҷирони корӣ барои гирифтани патент ва ё тамдиди он 4200 рубли иловагӣ месупоранд.

Дар сурати дароз кардани муҳлати иҷозанома барои кор, айни пулро бояд пардозанд ва агар мехоҳанд, нусхаи патент ва ё иҷоза барои кор бигиранд, 2100 рубли дигар боҷи давлатӣ месупоранд.

Барои тамдиди муҳлати иқомат дар Русия акнун ҳазор рубл пардохтан лозим аст.

Қарор барои ситонидани боҷҳои нав аз муҳоҷирони аввали моҳи июл аз сӯи Думаи давлатии Русия қабул шуда буд.

Вазорати молияи Русия ҳисоб кардааст, ки таъйини боҷи нав барои муҳоҷирони корӣ ба буҷаи давлат 17 миллиард рубл даромади изофӣ меорад.

Русия макони кору зиндагии ҳудуди як миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон аст.