Онҳое, ки соли 2010 маҷбурӣ ё довталабона саҳмияҳои “Роғун”-ро харида буданд, ҳанӯз умед доранд, ки рӯзе аз даромади ин нерӯгоҳ барояшон фоидае хоҳад расид. Ба назар мерасад, чунин рӯз чандон наздик ҳам нест. Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода гуфт, тақсими даромад миёни саҳмдорони “Роғун” танҳо пас аз пурра ба анҷом расидани сохтмони нерӯгоҳ имконпазир хоҳад шуд.
“Тарҳ ба анҷом нарасидааст. Тамоми сармояе, ки аз фурӯши барқи “Роғун” ба даст оварда мешавад, барои идомаи сохтмони нерӯгоҳ равона мешавад. Дар баробари созмонҳои байнулмилалӣ ҳамчунин моро низ зарур аст, ки сохтмони “Роғун”-ро сармоягузорӣ кунем,” – шарҳ дод Қаҳҳорзода.
Мувофиқи маълумоти наве, ки ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, сохтмони “Роғун” бояд дар солҳои 2036-38 ба анҷом расад.
"То ҳол баҳрае нагирифтем"
Ҳалим Ҳисориеви 75-сола, ки соли 2010 чун челонгар кор мекарду бо 400 сомонӣ саҳмия харида буд, ба умед аст, ки рӯзе аз он фоида мегирад. Ӯ мегӯяд, “кадом вақте давлат бой шавад, баъд фоида мегирем, то ҳол ҳеч фоидашро надидем, дар хона истодааст”.
Ин дар ҳолест, ки нерӯгоҳи “Роғун” ба тавлиди барқ сар кардааст, вале мақомот мегӯянд, алҳол даромад аз фурӯши барқ ба худи сохтмон харҷ карда мешавад. Фурӯши саҳмияҳои “Роғун” 6-уми январи соли 2010 ба гунаи нимамаҷбурӣ роҳандозӣ шуда, Тоҷикистон мехост бо ҷалби пасандозҳои аҳолӣ сохтмони нерӯгоҳро ба поён расонад.
Зиддияти президенти вақти Узбекистон Ислом Каримов ба ин тарҳ ва худдории кишвару созмонҳои молӣ аз сармоягузорӣ, “Роғун”-ро ба як идеяи миллӣ табдил дода буд. То ҷое ки баъзе падару модарон таҳти таъсири таблиғот фарзандони худро Роғунбеку Саҳмиямоҳ ном гузоштанд.
Саҳмияҳо ба таври оммавӣ ба 100, 500,1000 ва 5000 сомонӣ фурӯхта шуданд ва саҳмияҳои баробар ба 5 ҳазор сомонӣ ба ному насаби соҳиби саҳмия нашр шудааст. Ҳукумат бо арзиши 6 миллиард сомонӣ коғазҳои гаронбаҳоро вориди бозор кард.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Арзиши бунёди нерӯгоҳ ҳам боло меравад
Маъракаи густарда замоне ва бо дахолати Сандуқи Байнулмилалии Пул бас шуд, ки аз аз фурӯши саҳмияҳо 890 миллион сомонӣ гирдоварӣ гашта буд. Ин ниҳоди байнулмилал ҳушдор дод, ки фурӯши чунин теъдоди бузурги саҳмияҳо метавонад рушди иқтисодии Тоҷикистонро 1 дарсад коҳиш диҳад ва мушкилоти монетарӣ ба миён орад. Солҳо гузашт, аммо саҳмдорон чашмбароҳи баҳра аз даромади “Роғун” мондаанд.
Вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло тамоми талош барои ҷалби сармоя ҷиҳати пурра ба анҷом расондани нерӯгоҳ равона мешавад. Барои ин, ба гуфтаи вазир, Тоҷикистон ҳатто ҳаҷми қарзи берунияшро коҳиш дод.
Тоҷикистон дар се соли охир наздик ба 2 миллиард сармояро барои “Роғун”, ки то кунун 50 дарсади он бунёд шудааст, ҷалб кунад. Аммо сол аз сол арзиши бунёди нерӯгоҳ ҳам боло меравад. Агар соли 2008 арзиши бунёди он 3 миллиард доллар эълон шуда буд, дар соли 2016 тақрибан чор миллирад доллар ва дар соли 2022 панҷ миллиард доллар ва ниҳоят арзиши поёнии корҳои сохтмониро Вазорати энергетикаи Тоҷикистон 6,2 миллиард долар эълон кард. Ин нерӯгоҳ 6 чарха дорад, ки интизор меравад чархаи сеюми он охири моҳи август ба баҳрабардорӣ супурда шавад.